
БОХТАР: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Осорхонаи вилоят» маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ доир шуд. Дар кори маҷлис аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагони Кумитаи ирҷоияи ҲХДТ дар шҳари Бохтар иштирок доштанд.
Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунидашуда, масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ муҳокима гардид. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ҲХДТ Сафарзода Гулистон Сафар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “осорхонаи вилоят” интихоб карда шуд.
Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толиб Толибзода ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа ибрози назар кард. Таъкид гардид, ки ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии тоҷикон буда, пас аз истиқлоли давлатӣ пурарзишмандтарин неъмати Худо барои мардуми мо мебошад.