БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТM ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷ.БАЛХӢ: Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии беморхонаи сили ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода оид ба фаъолияти ташкилот дар шашамоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод. Бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Негматов Абдумалик раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуданд.

Сипас мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар баромад намуда, оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, инчунин оид ба тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин, идораю ташкилот муассисаю корхонаҳо, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона таҳти унвони “Ободии Ватан-саодати мост!” ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg