Ҷ.БАЛХӢ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ваҳдати ҷамоати деҳоти Маданият ноҳия бо ҷалби фаъолзанони маҳаллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ вохӯри таҳти унвони “Нақши занон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ” гузаронида шуд. Дар вохӯри муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола иштирок дошта, оид ба моҳияти таърихии ҷашни Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ суханронӣ намуд.