БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ омили рушди устувори кишвар

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ,   тақвият  бахшидан  ба  Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.Чунин вохӯрӣ бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  дар вохӯрӣ бо аҳолии маҳаллаи Хурсанди 2-и   ҷамоати деҳоти Меҳнатобод   доир гардид.

Масъулин дар рафти маҷлис  оид ба  амалӣ ва татбиқи  Паёми Асосгузори сурҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти Ваҳдати миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдустӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намудан дар атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ,  мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба иштирокдорон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg