БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ТАШКИЛИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ

АНДЕША: Мақомоти ҳокимияти давлатӣ яке аз нишонаҳо, зуҳурот ва рӯбинои давлат буда,пайдоишу инкишофи давлат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ҳам пайванд мебошад. Ҳастию фаъолияти онҳо бо якдигар вобастагӣ дорад. Давлат фаъолияти худро тавасути мақомоти давлатӣ амалӣ намуда, мақомоти давлатӣ олоти муҳимтарини мавҷудияти ҳастии давлат аст.Мақомоти давлатӣ чун қисми таркибии давлат, сохтори ба худ хос дорад, ки онро дастгоҳи давлатӣ меноманд. Дастгоҳи давлатӣ аз низоми мақомоти давлатӣ иборат аст, ки ба воситаи онҳо ҳокимияти давлатӣ ба вазифаҳои давлат бароварда мешаванд. Мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ, усули ташкил ва фаъолияти онҳо, ҳайати шахси ва шаклу усули кори онҳо асосан ба таркиби иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошад.

Тоҷикистони муосир шакли шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ дошта, дар Конститутсия он тавсифҳои моҳиятии ин сифат давлат мустаҳкам шудааст.Моддаи 1-уми Конститутсия муқаррар кардааст, ки: « Ҷумҳурии Тоҷикистон- давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад » Банди дуюми ҳамин модда боз ба як сифати ниҳоят дараҷа муҳим ишорат менамояд: « Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад ». Умуман, бояд зикр намуд, ки ҳама моддаҳои минбаъдаи Конститутсия маҳз ба ҳамин модда таҳким мебахшанд ва худи боби 1-ум, ки асосҳои сохти Конститутсионии Тоҷикистонро мустаҳкам месозад, байни ҳама бобҳои минбаъдаи Конститутсия волоият дорад. Ба сифати кафили расми таъмини хулосаҳои бунёдии номбурда моддаи 100-уми Конститутсия баромад мекунад, ки чунин мазмун дорад: « Шакли идораи чумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ичтимоии давлат таъғирнопазиранд »...

 

Мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар н. Данғара Вакили маҷлиси вакилони халқи ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Данғара

Раҷабализода Ҳ.Р.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg