
АНДЕША: Ваҳдат вожа ва калимаест, ки ҳазорон маъниро дар худ инъикос намудаву ифодакунандаи ба ҳам омадан, аз як гиребон сар бурун овардан, миллатдӯсту хештаншинос буданро ифода мекунад. Ваҳдат ва сулҳ бо якдигар алоқамандии зич доранд.Сулҳ инъикосгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст.Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар ҳама давру замон аст. Калимаест, ки барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос азизу муқаддас мансуб меёбад.Зеро танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.Ваҳдати миллӣ, сулҳу ягонагӣ иттифоқу сарҷамъӣ тавонист, ки Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дорад.
Хушбахтона, имрӯз сулҳу ваҳдати миллӣ меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст.Имсол аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бистучор сол сипарӣ мешавад.Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи мутаҳиддӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва давлатдории тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Маҳз бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз миллати тоҷик тавонист ба муноқишаҳои дохилӣ ва ҷангҳои мусаллаҳона хотима бахшида, дар марҳилаи нави таърихӣ қадамҳои устувор гузорад. Албатта дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва хотима бахшидани ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, басо муҳим арзёбӣ мегардад.Маҳз бо тадбирҳои хирадмандона, ҷасорат ва зиракиву ҳушёрии худ кишварро аз вартаи нестшавӣ нигоҳ дошта, мардуми парокандаро сарҷамъ намуд ва ҳазорҳо муҳоҷири фирориро ба Ватан баргардонд, ки ин бузургтарин дастоварди Пешвои - миллат маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз Ваҳдати миллӣ муқадастарину азизтарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб меёбад.Ҳамаи пешравию комёбии мо маҳз аз ваҳдату ягонагӣ маншаъ мегирад.Набояд ҳеҷ як нафаре фаромӯш созад, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якдиливу сарҷамъии миллати тоҷик дар фазои хушку холи ба миён наомадааст, балки барои ин муқадасотҳои инсонӣ ҷони чандин нафари сарсупурдаи ватан аз даст рафтаву, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар замони пуртазоди ҷомеаи муосир ҳар фарди худогоҳу хештаншиносро месазад, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон ифтихор намуда, баҳри бозҳам мустаҳкам намудани пояи сулҳу осоиштагӣ саъю талоши пайваста созад, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад.
Сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва итиллооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Худойдод Ёров