
ШАҲРИТУС: Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи, раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, раисони ташкилоти ибтидоии деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ва аъзои фаъоли ҳизбӣ ташкилоти ибтидоӣ дар сатҳи хуб гузаронида шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия қайд карда шуд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» сокинони ҷамоат мунтазам, барои тоза намудани маҳаллаву деҳаҳо ва соҳилҳои ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ҳашари дастаҷамъона таҳти унвони «Ободии Ватан-саодати мост!» ташкил карда шавад.