
А.ҶОМӢ: “Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобастагӣ дорад” Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо иштироки масъулини Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, тарзу усулҳои манфиатноки кишти баҳорӣ, бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва аъзову кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) корҳои оммафаҳмониро ба роҳ монда, барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ талош мекунанд.