БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ».

Н.ХУСРАВ: Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроия , аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизбӣ  сокинон  бо  мақсади   сазовор истиқбол  намудани  30- солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корҳои    ободонию  созандагӣ   дар ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  ноҳияи  бо  суръат  идома  дорад.        

       Ҳизбиёни  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  Олтинсой бо  мақсади   беҳтар  намудани симои  деҳот,  таъмир  ва  рангу  бор  намудани  биноҳои  истиқоматии  сокинон  деҳа  Аксияи ҳизбии «Тозагии  маҳал» баргузор  намуда, корҳои  ободонию  созандагиро  ба  роҳ  монданд. 

    Дар  баргузории аксияи  мазкур  масъулини  Кумитаи  иҷроия  иштирок намуда  барои  саҳмгузориашон  дар  амалигардидани  дастуру  супоришҳои  рохбарияти  болоии ҳизб оиди баргузор намудани  аксияҳои ҳизбӣ  таҳти  унвони «Тозагии  маҳал»  ба ҳизбиёни  ташкилоти  ибтидоӣ  минатдорӣ  изҳор  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg