КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби оилавӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Ҳангоми вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби оилавӣ” Айниев Алихон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҲХДТ дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятиро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумиро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Айниев Алихон баромад карда, гуфт, ки мо ҳамчун аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ ҳамеша омода ҳастем, ки барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияту осудагии кишвар, ягонагии миллат ва зиндагии арзандаи шаҳрвандон, софдилонаву содиқона хизмат кунем.