
Н.ХУСРАВ: Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ,ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ, бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои фаҳмондедиҳиро гузарониданд. Зимни вохӯри қайд гардид, ки ҳар як оила бояд заминҳоро самаранок истифода намоянд.
Ин навбат масъулин ба сокинони деҳаҳоии Муъминобод ва Олтинсойи деҳоти «Истиқлол» вохӯриҳо баргузор намуда, ба хонаҳои сокинон ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ташриф оварда, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиашонро дидан намуданд.