
Н.ХУСРАВ: Масъулини Кумитаи иҷроия вобаста ба иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб бо мақсади баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо усули «Хона ба хона» ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба деҳаҳои ҷамотҳои деҳот рафта, аз заминҳои наздиҳавлигии ҳар як оила дидан намуда ба эшон тавсияҳо медиҳанд. Ин навбат масъулин аз хонаҳои сокинони деҳаи Муъминобод Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» дидан намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокиноро дида баромаданд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҳар як сокини деҳот даъват ба амал оварданд, ки аз замину об самаранок исифода бурда,ҷамъоварӣ ва захираи маводи хӯрокаро афзун намоянд.