БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Н.ХУСРАВ: Бо  ба итмом  расидани  соли  таҳсил  ва  ба  соли  хониши   нав  тайёр  намудани  муассисаҳои  таълимӣ дар  ҳамаи  мактабҳои  ноҳия  корҳои рангуборкунии  синфхонаҳо ва беруни биноҳои  мактабҳо ҷараён дорад.    Бинои   муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  17  як  ошёна буда ҳамчун  муассисаи  замонавӣ аз  ҷониби  ташкилотҳои байналмилалии  кӯмакрасон  дар  даврони Истиқлолияти  давлатӣ  сохта  ба  иститфода  дода шудааст. Бо  дастгири аъзо  ва  ҷонибдорони ҳизбӣ ташкилоти  ибтидоии  маҳаллаи  Мирзообод бинои  муассиса  аз  таъмир  бароварда  шцуда  истодааст.

      Барои  баргузор  намудани  корҳо  ҳама  асбобу  воситаҳои барои  таъмир  лозима  мавҷуд  буда, маводҳои  сохтмонӣ ва рангҳои молиданӣ  харидорӣ гардида  дастрас  мебошанд.

     Директори  муассисаи  таълимӣ  узви  ҲХДТ  Ишматов Д. иброз  намуд, ки бо  дастгирии   падару  модарон  ва  шахсони  саховатпеша  таъмири  муассисаро  оғоз  гардида, рӯзҳои  наздик  таъмирро  ба  анҷом  мерасонанд.        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg