
Н. ХУСРАВ: Ба итмом расидани соли таҳсил ва ба соли хониши нав тайёр намудани муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи мактабҳои ноҳия корҳои таъмир дар синфхонаҳо роҳандозӣ гардида истодаанд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ду ошёна буда ҳамчун муассисаи замонавӣ ҳанӯз дар солҳои даврони Шӯравӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бо мурури замон ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ солҳои зиёде мешавад, ки дар муассисаи мазкур таъмири капитали ҷорӣ гузаронида нашудааст. Бо ташаббуси сарвари муассиса аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакили ҷамоати деҳоти «Фирӯза» Худойназарзода Аслиддин ва дастгирии падару модарон бинои муассисаҳои таълимии деҳа, таъмири шуда истодааст.
Қисми берунии муассиса таъмири капитали гузаронида аз нав рангу бор карда шуда истодааст. Ҳамчунин синфхонаҳои муассисаи таълимӣ таъмир ва рангу бор гардида, дар муҳлатҳои наздиктарин аз таъмир бароварда мешаванд.