БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ МАВРИДИ САНҶИШ ҚАРОР ДОРАНД

Н.ХУСРАВ: Масъулини Кумитаи  иҷроия бо  мақсади  баргузории  амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори  ман»  дар  ташкилоти  ибтидои деҳаи «Орзу »  тибқи  ҷадвали  таҳия  гардида,  бо  мақсади  муташаккилона доир намудани  чорабини мазкур  чораҳои  амали  андешида  истодаанд.

  Масъулини  Кумитаи  иҷроия ин  навбат шаҳодатномаҳои ҳизбии  сокинони деҳаи  Орзуи -и   ноҳияро аз назар  гузаронида ҳолати мавҷуда  ва қайди  супоридани  аъзоҳақкӣ, сари  вақт  иваз   намудани шаҳодатномаҳои  пуршударо  санҷида баромаданд.   Ҳамаи  аъзоёни   ташкилоти  ибтидоӣ  сари  вақт  аъзоҳақки  худро  месупоранд. Қарздорӣ аз  аъзоҳақки  мавҷуд  нест.  Ҳуҷҷатҳои дохили ҳизбӣ санҷида шуда барои  ислоҳи  камбудиҳои  ҷойдошта  маслиҳатҳо дода  шуд.

    Масъулин  қайд  намуд, ки  узвият  ба  ҳизб садоқат  ба  Ватан ва  давлат буда , ба  шаҳрванд мақоми  сиёсӣ дода, ба  ӯ ҷиҳати  иштирок саҳмгузории  бевосита  дар  идоракунии  муносибатҳои  сиёсӣ имконият  фароҳам  меоварад. Барои  ҳар  як  шаҳрванди  Тоҷикистон  аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон боиси  ифтихор   ва сарфарозӣ  мебошад, зеро  роҳбари  ҳизб   Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  мебошад. Ҳизб бо  ҳадафҳои  созандаи  худ дар  байни  мардум  ҳамчун ҳизби  халқӣ  маъруфу машҳур  мебошад.   Ҳар  як  аъзои  ҳизб бо  шукургузори  аз чунин  фазои ободу  зебо ва пушбони  аз  сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳури  Тоҷикистон ,Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар  роҳи  ҳифи  муқаддасоти  миллӣ ва  муарифии  кишвар дар  арсаи  байналмиллӣ саъю  кӯшиш менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg