БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ФАРҲАНГЧИЁН»

ЛЕВАКАНТ: Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ бо иштироки аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, баргузор гардид.

Сараввал корманди бахши фарҳанги шаҳр Худойдодзода Тошмурод ба сухан баромада, доир ба фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Суҳроб Валиев ба сухан баромада оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якчоя месозем!», обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ «Ҳамрози Халқ» ва «Минбари Халқ», ҳамзамон вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059 “Дар бораи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ, тарбия намудани ҷавонон, пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ суханронӣ намуданд.

Дар қисмати интиҳоии маҷлис тибқи талаботҳои оинномавӣ ва низомномавии ҲХДТ ба номзадии раиси ташкилоти ибтидоӣ, аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ номзадии Ашурзода Диловари Холназар пешниҳод гардид.

Номзадии Ашурзода Диловарро аъзоён ва иштирокродорон дастаҷамъона ҷонибдорӣ намуда, мавсуф раисии ташкилоти ибтидои ҳизбии «Фарҳангчиён» интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg