БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАХДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ СУЛҲ, ИҚТИДОРИ ДАВЛАТИ МО

АНДЕША: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миилӣ, дар асл сарчашмаи сулҳ, ваҳдат, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати халқи тоҷик медошад. Ба ин хотир мо халқи тоҷик баҳри он талош намоем, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона фаъолият намоем.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ дошта, он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшиносон ва умуман ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад. Чунон ки имрӯз эътироф  гардидааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳоидохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

            Аз ин рӯ моҳияти Ваҳдат дар радифи вожаҳои  ваҳдат-модар ва сулҳ барои мардуми мо ниҳоят муқаддас мебошад.

Ваҳдат  ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ ва якпорчагӣ буда, бидуни Ваҳдат натанҳо соҳибистиқлолӣ, балки арзишҳои худ хоси давлат низ муттасил аз байн меравад.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати сохибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи чону дилам.

Дар миёни қавмхо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

 

Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Суханони ҳакимонаи  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эомомалӣ Рахмонро «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад» сармашки кор дар фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳар фарди бонангу номуси кишвар қарор диҳем .

            Мо-ҷавонони хуштолеъи Ватан, чун ҳамеша дар татбиқи барномаҳои гунонгунҷабҳаи сиёсати давлатӣ дар амалӣ сохтани дастуру паёмҳои Пешвои Ваҳдатсарои худ, баҳри тайёр намудани заминаҳои утувори давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фаъолона саҳм гузошта, дар сафи пеш ва паҳлӯ ба паҳлӯи созандагони тақдири ояндаи Ватан қадам хоҳем монд. 

Самиев Муртазо Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg