БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲО ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

ЛЕВАКАНТ: Тибқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МНДСЭ" бо иштироки раиси Кумита Олимзода Низора маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ гузаронида шуд.

Дар маҷлиси мазкур ду масъала, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МНДСЭ" Назаров Мирзоалӣ ва масъалаи аз нав интихоб кардани раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

         Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроия Олимзода Низора оғоз намуда, бо мақсади истиқбол гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷиҳати тозанамудани маҳаллаҳо, идораю ташкилот, муасисаю корхонаҳо ва соҳилҳои ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ҳашарҳои дастаҷамъона таҳти унвони «Ободии Ватан- саодати мост!», дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,инчунин обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ «Минбари Халқ» ва «Ҳамрози Халқ» сухунронӣ намуд.

Сипас, аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Назаров Мирзоалӣ оиди фаъолияти ташкилот дар шаш моҳи соли 2021 шунида шуда, вобаста ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо аз тарафи масъулин, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм қайд гардид, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб карда шавад.

Бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МНДСЭ" Назаров Мирзоалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg