
ҚУБОДИЁН: Бо мақсади иҷрои қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ, дар доираи баргузории иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ суҳбату мулоқотҳо доир гардида истодааст. Ҷумаев Алиҷон–мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуот, Раҳмонов Алишер мудири бахши омори Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимои” дидан намуданд.
Зимни боздид, аъзои гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои болозикр ба масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ оиди саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои муфид доданд.