
КӮЛОБ: Бахшида ба таҷлили сазовори “Рӯзи ваҳдати миллӣ” аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ҳудуди шаҳр ҳашари дастаҷамъона таҳти унвони “Ободии Ватан – саодати мост!” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар рафти ҳашари мазкур дохили биноҳо, гирду атрофи муассисаҳо ва шафати роҳҳои марказии шаҳр аз ҷониби кормандони ташилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тозаю озода гардонида шуд.
Зимнан, ёдрас шудан ба маврид аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ сабз ва зебо гардрнидани ҳудуди шаҳр аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила идома хоҳад ёфт.