ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳия бо кормандони ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Ҷангал” вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, афзуд, ки дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар яки фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат дар бораи пайдоиш ва моҳияти терроризм маълумот дода, қайд намуд, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди терроризм ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳони масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст. Дар шароити ҳозира кулли одамонро ташвиши масъалаи мазкур ба худ кашидааст.
Мубориза бар зидди таҳдид ва хатарҳои экстремизму терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар қишри ҷомеа, ҳар як роҳбари шаҳру деҳа, ҳар як оила ва ҳар як ҷавонмарди Ватан мебошад.