ДӮСТӢ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар мавзӯъӣ «Муқовимат бар зидди коррупсия» дар маркази ноҳия бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷамъомади судман доир карда шуд.
Дар мулоқоти баргузоргашта намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва оид ба пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки муқовимати ҳар ҳар як фард бар зидди коррупсия аҳамияти калон дорад ва моро месазад зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии Ватану миллат ҳамеша омодаю ҷоннисор бошем.
Зимни баргузории ҷамъомад масъулин ба иштирокдорон варақахои таблиғотӣ дастрас карданд.
.