
ДӮСТӢ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "М Турсунзода" бо иштироки масъулини Кумита маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшида, аз фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "М Турсунзода" дар соли 2021 натиҷагирӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати афзалиятнокии ҳизб ва бобати дурусти ҳуҷатгузорӣ дар ташкилот, хизматрасонии беҳтар расонидан ба мардум, ҷиҳати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷалб сохтан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатӣ суханронӣ намуданд.
Дар охири маҷлис бо тарафдории ҳамаи аъзо Азизов Х, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "М Турсунзода" интихоб гардид.