
АНДЕША: Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои дигар, мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест ва гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешавад, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад.
Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад.Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Воҷеан, Ваҳдати миллӣ шукуфои Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул – гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам ва ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Таҳкими ваҳдати миллӣ ва дӯстии ҳалқҳо, якпорчагии мамлакат, бо назардошти аҳамияти таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, таҳкими раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъмиятӣ ва вазифаҳои муҳимтарини кормандони сохтори давлатӣ маҳсуб мешаванд. Зеро бузургдошти Ваҳдати миллӣ ин бузурдошти орсони миллати тоҷик, ин ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эҳтироми беҳамто ба иқдоми давлатсозию ваҳдатофаринии Пешвои миллат мебошад. Танҳо якдилӣ, ягонагӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтар намоем ва ҳамчун як кишвари пешрафта сарсабзу хуррам, осмонаш пур аз фазои ваҳдату истиқлол, миллаташ орому осуда ва соҳибтаъриху соҳибтамаддун муаррифӣ намоем.
Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки дар баҳои ба гарав мондаи ҷон Ваҳдати миллӣ ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон таъмин гардид.
Камолиддинзода Ҷомӣ – Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.