
АНДЕША: Ваҳдати миллӣ – ин санаи сарнавиштсоз, ки миллату давлати моро аз вартаи ҷангу муноқишаҳои мудҳиши ватансӯз наҷот бахшид.
Ваҳдат арзиши муқаддас будаву онро барои пойдории давлату сарҷамъии миллати тоҷик ба мо Худованд дар мавриди мувофиқе ато намудаст. Ваҳдате, ки дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ ба миён омада, аз ҳастии миллати бузургу тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён паём расонд. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро давлате, ки рӯз то рӯз гул – гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Мутаассифона, тули ин муддат ҳамасола иддае аз норозиёни раванди сулҳ ҳаққи мардум будани Ваҳдати моро сарфи назар карда, иддао пеш меоранд, ки гӯё Ваҳдат зери хатар аст, “Созишномаи сулҳ дуруст иҷро намешавад” ё чизи дигар, вале мутаассифона, ин афрод як чизи аз ҳама муҳимро ба инобат намегиранд, ки ҳадафи аслии сулҳ ин фақат тақсими вазифа набуд, Қаҳрамонони Сулҳи тоҷикон ҳадафҳои асоситар ва арзишмантар доштанд. Мебоист, сангарҳоро аз миён бардоранд, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида кинаву адоват ва дилҳои мардум бизудоянд.
Дар тули ҳамин солҳо гурӯҳҳои алоҳида кӯшиши зери шубҳа қарор додани Ваҳдати моро доштанду доранд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд. Зеро барои ин зумра инсонҳо Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва амнияти сарзамини аҷдодист.
Ваҳдати миллат ба хотири он буд, ки модарон осуда фарзандонашонро ба хизмати Ватан фиристанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун барояшон муқаддас аст. Ваҳдат ба хотири он буд, ки гурезаҳои дар дашту саҳроҳои хориҷи кишвар мотамбасару дастнигар ба хонаи худ, ба Ватан баргардонида шаванду қатли бародар бо дасти бародар хотима ёбад. Ваҳдат ба хотири якпорчагии марзу буми тоҷикон буд. Ваҳдат на танҳо ба хотири раҳоӣ аз гӯшнагиву қашшоқӣ, балки обод сохтани вайронаҳои ҷанг малҳам шуданд ба реши дили модарони фарзандшаҳид буду ҳаст.
Ваҳдат ин на танҳо хони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст. Ваҳдат ин аст, ки мо ба фардои будани худу насли оянда эътимод дорем.
Барои Ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, пешвоёни мардуми мо гузаштҳое зиёде кардаанд. Роҳе, ки ба Ваҳдат мерасонад аз худ гузаштанҳо, қурбонии мансабу қудрат ва ҳатто фидои ҷонро металабид. Қаҳрамонҳои Ваҳдати миллии тоҷикон ба сари баланд онро гузаштанд. Миллати ранҷбару азиятдидаи мо тамоми мушкилоти даврони баъдиҷангиро паси сар намуда, акнун ба зиндагии шоиста, ободию созандагии Ватан ворид шуданд.
Оре, Ваҳдати миллӣ моли халқ аст, ки бо ҷонисорӣ ва бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад ва ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Баръакс, ҳар инсони худогоҳро мебояд барои пойдевории Сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию муваффақиятҳои мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад. Зеро ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки миллати моро аз шармандагии бародаркушӣ наҷот дода, ҷомеаро сӯӣи ободонию пирӯзиҳо бурда расонид. Ваҳдатро фарзанди зодаи хиради тоҷикон метавон номид. Тоҷиконе, ки дар таърихи башар ба инсондӯстиву хайрхоҳӣ шинохтаву эътироф гаштаанд, ба ҳайси як миллате ҳамчунин хоҳад монд.
Эҳдои худовандӣ андешаи сулҳу оштӣ ба ҳам додани ду тоҷике, ки барои муддате дар ду сангар қарор дошт. Раҳми Парвардигор ба халқи азияткашидаву бегуноҳи тоҷик, ки ба даргириҳои нозарури мансабхоҳон кашида шуда буду пайи оташ задани зодбуми хеш раҳгум зада, қодири ҳар амали зишт мегашт, омад ва ҳушёраш намуд, ки аз роҳ фозилмардоне аз худ гузаштанҳо, пеш даромаданд, хатову гуноҳи ҳам бахшиданд.
Ва ояндаи миллату меҳанро ба чашми адолату ҳақ дида тавонистанд, ба мардуми хеш такя карданро дарк намуданд ва то имрӯз баҳри пойдории сулҳ ва истиқрори он сарсупурдагиҳо намуданд. Зиҳӣ сулҳи пойдори тоҷикон, Ваҳдати мо ҷовидона хоҳанд монд. Дар воқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз дили Тоҷикистониён бардошта шуд, миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул – гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ аз ваҳдату сулҳ падидор аст.
ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ - муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.