
ДАНҒАРА: Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амнияти кишар, аз ҷумла арзишҳои тақдирсози давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо мебошад. Миллати тоҷик аз нигоҳи таърих миллати сулҳхоҳ ва фарҳангиву созандае арзёбӣ мешавад. Ин миллат мероси гаронбаҳову муқаддас – сулҳу ваҳдатро барои наслҳои оянда боқӣ гузоштааст. Чун медонем ваҳдату ягонагӣ пойдевории ҳастии миллат аст.
Ҳамагон дар ёд дорем, дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамонро гурӯҳҳои тундгаро, бадхоҳони миллат ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мусалаҳона кашиданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки вуқӯъ пайваст, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор зиёӣ ва ашхоси бегуноҳ гардид.
Боиси ифтихор аст, ки Ваҳдати миллӣ – ин санаи сарнавиштсоз, ки миллату давлати моро аз вартаи ҷангу муноқишаҳои мудҳиши ватансуз наҷот бахшид.
Бо шарофату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор гардид. Мардуми моро ин падидаи ҳаётбахш аз вартаи нобудӣ наҷотдод, бо боварии комил ва иродаи қавӣ метавон гуфт, ки мардуми Тоҷик аз имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона баромаданд. Дар лаҳзаҳои барои мо мардум душвор Пешвои миллат бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи миллату давлат истода, барои рафъи мушкилоти пешомада, ҳама саъю кӯшиши худро дареғ надошт. Президенти маҳбуби мо фаъолияти ҷамъиятии худро бо суханони “ Сулҳ”, “Ваҳдат” ва “ Иттиҳод” оғоз кард. Ин беҳуда набуд, дар натиҷаи сиёсати ваҳдатсарои сулҳи деринтизори тоҷик ба даст овард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин амал ҳақиқати таърихӣ ва қаҳрамонӣ буд ва сарфи назар аз бурду бохтҳо, нокомию шодиҳо натиҷаи дилхоҳ ба даст омад.
Ваҳдати миллӣ- ваҳдати ҳамаи сокинони Ҷумҳурӣ аст, аз ин рӯ зарур аст, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ин гавҳари ноёбро чун гавҳараки чашми худ эҳтиёт кунем ва дар роҳи ободиву осудагии халқ софдилона хизмат намуда, дар атрофи Пешвои маҳбубамон муттаҳид гардида, обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамонро баланд бардорем.
Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Пешвои миллат, фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки дар баҳои ба гарав мондаи ҷон Ваҳдати миллӣ ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон таъмин гардид. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу осоиш зиндагии хушу хуррамро ихтиёр карданд, ки хизматҳои беандозаи роҳбари давлати тоҷикон дар ин самт хеле назаррас ва боиси таҳсину офаринҳост.
Мо тамоми шаҳрвандон вазифадорем, ки Ваҳдатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва бигзор хуршеди сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд.
ЧОРИҚУЛОВ Қиёмиддин – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара аз ҳавзаи №38