
Ду ҷони як бадан, узбеку тоҷик,
Ду нақши як чакан узбеку тоҷик.
Ду ҳарфи як сухан узбеку тоҷик,
Ду боғи як чаман узбеку тоҷик.
МАҚОЛА: Илми сиёсатшиносӣ муносибату равобити давлатҳоро танҳо дар манфиат медонад. Барҳақ, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷуз он ки равобиту ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба манфиати ҳарду ҷониб ҳаст, боз падидаи дигаре, ки аз умқи таърих маншаъ мегирад ва нодида гирифтани он бар зарари онҳост, ҷойгоҳи хоса дорад. Ин муносибати хешутабории халқҳои ду давлат ва муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва забонӣ низ ҳаст. Дар ҳарду давлат миллионҳо нафар худро тоҷик ва ӯзбек муаррифӣ мекунанд.
Мардуми шарафманди тоҷик бо анъанаҳои неки меҳмоннавозӣ дар олам шуҳрати хосса доранд Ташрифи меҳмони олимақом Президентии Ҷумҳурии Узбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳайати ҳамроҳонаш аз тарафи сокинони кишвар истиқболи гарму ҷӯшон ба ин халқи ба мо дусту бародар шаҳодати ин гуфтаҳост Ин ду халқи дӯсту бародар,ки бо роҳбарии ду шахсияти беназир боз бо ҳам қаринтар гаштанд гуиё ,ки зи нав таърихро эҳё намуданд Зи нав таърих эҳё шуд Ҳама дунё гулистон шуд, Ки як халқу ду миллат Боз бо як аҳду паймон шуд Имрӯз ,ки ду сарвари ҷавонмард боз аз нав халқҳоро пайвастанд нушашон бод давлатдорӣ Кирғиз,ки имрӯз бо чашми ҳасуду ,дили пур аз кина ба мо менигарад ин халқи бародари узбек ба мо оғӯши пур аз меҳру бародаронаашро мекушояд Кирғиз,ки ба сӯи мо тир мекушояд бародари узбек дасти дустиро дароз мекунад Бигузор ин дӯстию рафоқати халқи ба ҳам дӯсту бародари ӯзбеку тоҷик ҷовидона бимонад Воқеан ҳам ташрифи ин меҳмони олимақом пайроҳаи саодати бародарию баробарии мост.
Ойини мо рафоқати аҳди бародарист,
Дар хуни мо таровати покизагаҳварист.
Пайрохаи саодати мо аз баробарист,
Мо халқи ҳамситораву ҳамболу ҳампарем,
Дӯстии ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародар ҷовидона бод.
Сироҷиддинова Дилафрӯз-узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, директори МТМУ № 17