
Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,
Сафову хандаву иқболи тоҷик.
Муборак шодии бедории дил,
Сафову Ваҳдат аст, ҳамболи тоҷик.
АНДЕША: Тоҷик- вожае ки имрӯзҳо бо сулҳи меҳрномааш, Ваҳдати ҷовидонааш ва Пешвои сулҳхоҳу сулҳпарвараш дар ҷаҳон оламшумор гардидаву таҷрибаи сулҳу осоиштагиаш боиси омӯзиши барқарории сулҳи ҷаҳон гардидааст.
Дар воқеъ, сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум буда, Ваҳдат бошад ба ҳам омадан сар аз як гиребон бурун овардан,поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдории ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат ва волотарину муқадасстарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,ки маҳз бо талошу заҳматҳо ва бедорхобию ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат ,ҷонфидои ин миллати бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. 27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум ,ки бар сари мардуми мо омад аз хотири касе зудуда нашудааст. Дар он рӯзҳои пурдаҳшат,ки миллатро қариб ба нестшавӣ мебурд,қувваҳои аҳримани,ки ҳама талоши худро барои аз байн бурдани ин миллати таърихи чандин ҳазорсола доштаро мехостанд Аз ҷониби Худованд фариштаи наҷоти миллат ба сари қудрат омада ваъдаи"Ман ба Шумо сулҳ меорам" ро дод ва ба ин қавли худ устувор монд Дар он лаҳзаҳое,ки Будану набудани давлат яқин дар хатар буд,тинҷию амни ватан вобаста аз ҳар нафар буд ин абармарди беназир тавонист сулҳро ба мардум оварад. Маҳз кӯшишу ҷонбозиҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист ин миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳад, паёми сулҳро ба мардум оварад. Қадру манзалати Ваҳдати миллиро бояд ҳар як фарди ватандӯсту ватандор азиз донад, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад,нагузорад дасти кинаваре ё ҳасуде ба ӯ осебе расонад.
Ваҳдату сулҳи Тоҷикистон бо Пешвои муаззами сулҳпарвараш, абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидона хоҳад монд.
Сироҷиддинова Дилафрӯз-узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, директори МТМУ № 17