БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АДАБ ТОҶЕСТ АЗ НУРИ ИЛОХӢ....

АНДЕША: Оре, адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзантарин пояи зиндагист. Он тоҷи бузургест, ки ҳамаро сазовору лоиқ нест. Шахси боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона пешвою баландҳиммат ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд. Шахси боадаб дар ҳама ҷо соҳибиззат аст. Адаб аст, ки инсони бузургро аз пастинатон, нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳонро аз фозилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшани мебахшад, ки касеро сазовор гардида, чомеаро солиму намунаи ибрат мегардонад.

Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб,
Беадаб, беилм, беқадр аст, ин набвад аҷаб.

Ҳақиқатан инсонро танҳо одоби бузург соҳибдавлат мегардонад, инсонро танҳо ахлоқ инсон созад. Инсони асил ҳамеша дар он мекӯшад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз ҳама эҳтиром намоянд.

Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дар намемонад.
 Ҳамаи гуфтоҳои боло далели бузург
будани мартабаи шахси боадабанд. Вобаста ба ин мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем.     

Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарист, ки касро шуҳратёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст. Ҳам нишоту ҳам хурамиву ҳам осоиштагиву ҳама бурду бохти ҳаёт насиби каси боадаб аст. Маҳз инсони боадабу бориё метавонад, обрӯю эътибор ва шаъну шарафи миллату давлат ва қавму қабилаи худ бошад ва зиндагии худро бо осоиштагиву нишоту хуррамӣ бубарад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg