
ВОСЕЪ: Масъулини Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Ҷамоати деҳоти А. Рӯдакӣ” маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории маҷлис ҳамаи масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идома яке аз масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, ки интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ буд, баррасӣ гардида, ҳамаи аъзои фаъоли ҲХДТ якдилона раиси ҷамоати деҳоти А.Рӯдакӣ Неъматзода Ибодуллоро аз нав раиси ташкилоти зикргардида интихоб намуданд.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат иштирок намуда, оид ба сари вақт супоридани аъзоҳаққӣ, дуруст ҷобаҷо кардани ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботҳои ҳизбӣ, ҳамзамон зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат суханронӣ намуданд.