
ВОСЕЪ: Дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри мустаҳкам намудани ғояҳои Ваҳадати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули ҳифзи манфиатҳои миллӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дар пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва ҷамъиятӣ саҳми муносиб доранд.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ мунтазам бо мардум корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳия амалӣ намуда, ҷиҳати тарбияи насли ҷавон саҳми босазо доранд.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Конфренсияи 8-уми худро баргузор намуда аз натиҷаи фаъолияташон дар ин давра ҳисобот доданд.
Раиси Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Конфренсияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуда, ба собиқадороне, ки бештар дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон фаъолият намудаанд, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроия сарфароз гардонида шуданд.