
АНДЕША: Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар имрӯз дар тамоми истироҳатгоҳҳо шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Шаҳрвандон метавонанд дар дохили кишвар истироҳат намуда аз боду ҳавои мусаффои табиати нотакрори кишвари худ саломатии худро барқарор намоянд. Соҳибкорону нафарони имкониятдошта барои сайёҳон дар диёрҳои хушманзар ва дорои обу ҳавои тоза меҳмонхона, ошхона ва истироҳатгоҳҳо сохта, ба истифода додаанд. Мо волидайн ӯҳдадорем, ки фарзандони худро дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо сафарбар намоем, зеро дар ин ҷойҳо насли наврас истироҳат намуда, дониши худро сайқал медиҳанд ва ҳамчунин ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад. Инчунин дар истироҳатгоҳҳо насли наврас боз дӯстони нав пайдо намуда, аз ҳаёт ва таҷрибаи ҳамсолонаш маълумот пайдо менамояд. Аз суи дигар ҳангоми истироҳат намудан фарзандон аз маконҳои хушманзара маълумот пайдо намуда, бозиҳои шавқовар ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба руҳу равони онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки мо волидайн ба таълиму тарбия ва омӯзиши фарзандон диққати аввалиндараҷа дода барои онҳо шароити таҳсил ва истироҳат фароҳам оварем. Мо ҳарчанд дар ин ҷода таваҷҷӯҳ бештар зоҳир намоем ҳамон қадар ба манфиати аъзои оилаи худ кор мебарем. Имрӯзҳо барои мо тамоми маводҳои дарсӣ ва аёнӣ, ки ба ташаккули маърифати кӯдакон замина мегузорад муҳайё мебошад. Дар шароити хона таъмини мизу курсӣ, адабиётҳои фаннӣ, маводҳои аёнӣ метавонад дониши ҳамаи аъзои оиларо ташаккул диҳад.
Истироҳати тобистона низ дар баробари сайқали дониши насли наврас метавонад аз ҷиҳати тандурустӣ ба саломатии онҳо таъсири мусбӣ расонад. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки ҷиддӣ андеша намоем.
Сафаралӣ Мирзоев-муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ