
ШАҲРИТУС: Маҳфилҳои адабии қироати шеър бахшида ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии Шӯъбаи маориф, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҳфили шеъру адаб баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагон аз ашъори устод Мирзо Турсунзода шеър, суруд ва суханронӣ карда шуд.
Сипас, аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оид ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии шомилашавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешарониҳо карда шуд.