
Ш.ШОҲИН: Бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзоёну кормандони ташкилоти ибтидоии «Телеком» дар бинои муассисаи мазкур мачлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир ба натичаи фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ҳизбӣ доир гардид.
Тиллохон Эркаев –раиси ташкилоти ибтидоӣ сараввал ба сухан баромада дар назди ҳозирин доир ба фаъолияти ташкилоти мазкур дар муддати шашмоҳаи аввали соли сипаригашта ҳисобот пешниҳод намуда, вазифаҳои ташкилотро барои семоҳаи сеюми соли равон муайян намуда, манзури иштирокчиён намуд.
Баъдан Абдучаббор Неъматов, корманди масъули Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб ба сухан баромада, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро новабаста аз ҷой доштани баъзе камбудию норасогиҳо дар фаъолияти ташкилоти мазкур дар самти саривақт нагузаронидаи маблағи аъзоҳаққӣ ба суратҳисоботи Кумитаи иҷроия қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Инчунин мавсуф зимни суханрониаш доир ба самтҳои афазалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ҳуҷҷатнигории дохилиҳизбӣ ва аҳамиятнокӣ дар рафти аъзокунӣ ба сатҳу сифати аъзо ибрози назар намуданд.
Дар қисмати интиҳоии мачлис тибқи талаботи оинномавӣ ва низомномавии ҳизб номзадии Тиллохон Эркаевро ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод намуда, бо ҷонибдорӣ ва дастгирии аксарияти аъзоёни ташкилоти мазкур аз нав тайин намуданд.