
ҶАЙҲУН: Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тағоймурод Ҳасанзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асалмамад Бекмамадов дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ бо иштироки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидои ҳизбӣ, баргузор карда шуд.
Дар рафти маҷлис дар баробари баррасии бурду бохти ҳизбиёни ташкилоти ибтидоӣ ваколати раиси собиқи ташкилоти ибтидоӣ бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш озод карда шуд, қатъ гардида, бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон раиси тозатаъини мудири бахши Фарҳанг Манучеҳр Назархудоев раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тағоймурод Ҳасанзода, бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ мулоқот намуда, қайд карданд, ки барои боз ҳам рушд ва ривоҷ ёфтани кори ҳизбӣ моро зарур аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ ва ободониву хурамгардонии ноҳия саҳмгузор бошем.