БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ИНТИХОБОТИИ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИ

Ҷ.БАЛХӢ: Дар ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбии Беморхонаи №4-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода оид ба фаъолияти ташкилот дар шашамоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод. Бо тарафдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ раиси  ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуд.

Сипас мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Зафар Алиев баромад намуда, оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ҲХДТ, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ инчунин оид ба тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин, идораю ташкилот муассисаю корхонаҳо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона таҳти унвони “Ободии Ватан-саодати мост!” ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg