БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Ҷ.БАЛХӢ: Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Панҷсолаи ҷамоати деҳоти Маданият ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” гузаронида шуд. Дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ масъулин оид ба самаранок истифодабарии қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки ҳар як ваҷаб заминро бояд самаранок истифода бурда кӯшиш кунем то, ки дар як сол то се чор ҳосил ба даст оварем. Аз ҷониби масъулин доири ба даст овардани ҳосилнокии замин ва маҳсулоти хушсифат баъзе маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg