БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар меҳвари фаъолияти мо ҳизбиён

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва ШВКД дар ноҳияи Данғара бо аҳолии ҷамоати  ба номи Исмат Шарифови  ноҳияи  Данғара суҳбату вохӯрӣ ва корҳои таблиғотӣ доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва муҳтавои дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кишоварзони вилояти Хатлон рӯзи 02 июни соли 2018 дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад доир ба мақсаду мароми ҲХДТ, сарфаю сариштакории аҳолӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо, тарбияи дурусти фарзандон ва риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ, даъват намудани аҳолӣ ба ободкорию созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ суханронӣ намуд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg