
ХУРОСОН: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ғаллаободи"-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.
Дар ин рӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот - иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Аъзамҷон, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинони деҳаи мазкур ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ҷӯйҳои обгузарро, ки аз лой пур гардида буданд тоза карда, барои мавсими обёрии заминҳо омода намуданд.