
НОРАК: Тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Сафаралӣ Ҷобирзода аз нав интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Муслима Ғуриева баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошанд.