
НОРАК: Тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таъмиргар” Нигина Раҳимова аз нав интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Баҳодур Хайруллозода баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошанд.