ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Шаҳноза ва вакилони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҷабова Шаҳноза оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, ки ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ироа гардида буд, суханронӣ намуд.
Дар охири вохӯрӣ аъзои ҳизб Ҷабборов Қамариддин ба сухан баромада иброз дошт, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистон ба монанди як нуқтаи хурд аст. Аммо ин кишвари хурдро ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мешиносанд. Ин ҳама маҳсули заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Мо тоҷикон аз ин меболему мефахрем ва доимо сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамонро дастгирӣ менамоем.