БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Каҷтути ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, Мирзоев Исуф дар назди ҷамъомадагон оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзорни вилояти Хатлон ва атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории вохӯрӣ дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят ва қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, тақлиди кӯр –кӯронаи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона мебошад.