
ДӮСТӢ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, имрӯз бо иштироки кормандони масъули Кумита дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Марказ" ва "Баҳористон"-и ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов маҷлиси ҳисоботӣ ва интихобии ташкилотҳои ибтидоии мазкур баргузор карда шуд.
Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии мазкур аз натиҷаи фаъолияташон дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дар поёни маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Марказ"- Салим Низомов ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Баҳористон"- Ҳакимов Юсуф бо тарафдории аксарияти иштирокчиён аз нав раиси ташкилот интихоб гардиданд.