
АНДЕША: Ваҳдат вожаест, ки дар худ калимаҳои иттиҳоду сарҷамъии миллат ва оромиву осоиштагии ватанро таҷассум менамояд.
Ваҳдати миллӣ воқеан барои мо тоҷикон ҳодисаи пурнишоту фараҳафзост, чаро ки танҳо тавассути ба даст омадани он дар ватани мо сулҳу оромӣ ва иттиҳоду ҳамдилӣ ҳукмфармост. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки ваҳдату якдилӣ рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи бадастомадаи мо дар тамоми ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир дар раванди ҳалли низоъҳои дохилӣ пазируфта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон мавриди эътирофу омӯзиш қарор гирифтааст. Лозим ба ёдоварист, ки асоси ин модели сулҳофариро таҳаммулпазирӣ, созиш ва гузашт карданҳо ташкил медиҳанд, ки дар заминаи тафаккуру хирад ва фарҳанги волои сиёсии мардуми тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Моҳи декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари тозаинтихоби давлати дар вартаи ҷангу хунрезӣ дармонда дар суҳбат бо намояндагони васоити ахбори омма гуфта буд: «…то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кӯмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад». Ин сиёсатмадори ҷавон дар як муддати кӯтоҳ маҳбуби дили ҷумла мардуми тоҷик гардид ва баҳри сарҷамъ сохтани миллати парешон саъю талош мекард.
Силоҳ ба замин гузоштани ҷонибҳои даргир, сари мизи гуфтушунид нишастани онҳо, расидан ба рӯзи Ваҳдат, баргаштани гурезаҳои иҷборӣ аз сарзаминҳои бегона, баланд гардидани обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва ба марҳилаи нави таърихӣ–давраи пешрафту тараққиёти босуръат ворид гардидани ватани мо бо номи Пешвои муаззами миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Расидан ба чунин рӯзҳои фирӯзу фараҳбор маҳбубияти ӯро дар миёни халқ бештар гардонида, дар роҳи такмили ѓояҳо ва рушди давлатдории миллӣ маҳз бо талошу фидокориҳо ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ба пеш рафта истодаанд.
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ормони азалии халқи бунёдкори мо дониста шуда, шинохти аслии ѓояҳои ва татбиқи ҳарчӣ бештари он аз як тараф пояҳои давлатдории миллии моро мустаҳкаму шикастнопазир мегардонад ва аз ҷониби дигар боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.
Аз ин рӯ ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмист ба он хотир, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷ гузошта, ин неъмати илоҳӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Бигузор доимо сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмию ягонагӣ дар фазои кишвари ободу озоди мо танинандоз бошанд ва иттифоқу иттиҳод, ки пояи асосии Ваҳдати миллиянд то абад мустаҳкаму побарҷо бошанд.
Суҳроб Валиев – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант