БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ - АМАЛИ НАНГИН

АНДЕША: Терорист ватан миллат модар надорад. Терроризм чист ва он чӣ гуна падидаест? Бисёриҳо дар бораи терроризм ва моҳияти он фаҳмиши дуруст надоранд, ин падидаи манфиро вобаста ба ҷаҳонбинии худ арзёбӣ мекунанд. Яке онро ҷиҳод ҷанги муқаддас, дигаре боло гузоштани ғурури халқу миллати хеш, савумӣ роҳ ба ибодат медонад. Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст.

Тоҷикистон давлатест ҳама озод интихоби дину мазҳаб доранд чун қисми зиёди аҳолии Тоҷикстонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва аз рукнҳои ислом ба хуби огаҳӣ доранд дини мубини ислом талқингари он аст, ки ҳар мусулмон бояд оила, дин ва ҷамъияти худро аз ҳуҷуми аҷнабиён ҳимоя намояд. Ин на бо он маъност, ки баҳри расидан ба ин мақсад хуни бегуноҳон рехта шавад, ғасбу таҷовуз сурат гирад.

Ба ин гуруҳои террористи бештар киҳо шомил мешаванд? Якум, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимият аст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки барои онҳо вожаи Модар, Ватан аризеше надорад.Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирд овардааст.Ба фикри шахсии ман аз бесаводи ё камсаводии ҷавонон истифода намуда аз онҳо терорист таёр намуда онҳоро бераҳмона истифода мекунанд. Дар аксари мавридҳо сабаби асосии ин муноқишаҳо мушкилоти сиёсию иқтисодӣ буда, дин барои онҳо ҳамчун восита ва силоҳ хизмат мекунад.Яъне аз мусалмонии одамон инро дар мисоли воқеаҳои Фаластин, Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон мушоҳида кардан мумкин аст. Мақсади террористон бештар мазмуни миллатгароӣ ва мазҳабпарастиро дорад. Барои ҳамаи ин гурӯҳҳо ҷангҳои хонумонсӯз хос аст.

Акнун назаре ба таърихи амалиёти гурӯҳҳои террористӣ. Амалиёти ин гурӯҳҳо таърихи дуру дароз дорад. Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву аъроб, ки мардумро ба қатл расонда, тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта, дар давраи ҷангҳои салибӣ, ҳуҷуми муғулҳо, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабонон нисбат ба халқҳои эронитабори Осиёи Марказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги фашистии Олмон, ҳаракати «Толибон», «Ал-қоида» ва ғайра боз ҳам қуввати бештарро дар худ касб кардаанд. Дар амалиёти онҳо ягон зарра падидаи мусбат дида намешавад, ҳарчанд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдӣ барои тақвияти фикрашон Искандари Мақдуниро чун шоҳи одил ба сифати идеал қабул кардаанд. Ин тамоман гапи дигар аст.

Имрӯз дар кишвари мо барои кору зиндагии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, бархе ҳанӯз ҳам вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мешаванд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ҳар як шахрванди солимфикри ҷомеа ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Чун Раиси муаззами ҲХДТ Асосгузори сулху Вахдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои дастуру супоришхои Пешвои миллат ҳама якдилу яктан даст ба даст аз як гиребон сар бароварда пеши роҳи ҳар гуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфотар мегардад.

Зиҳи Пешвои миллат!

Нест бод тероризм!

Низора Олимзода раиси КИҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg