БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАХДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ СУЛҲ, ИҚТИДОРИ ДАВЛАТИ МО

АНДЕША: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миилӣ, дар асл сарчашмаи сулҳ, ваҳдат, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати халқи тоҷик медошад. Ба ин хотир мо халқи тоҷик баҳри он талош намоем, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқтмандона фаъолият намоем.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳмияти байналмилалӣ дошта, он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё аз қабили сиёсатшиносон, низоъшиносон ва умуман ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад. Чунон ки имрӯз эътироф  гардидааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳачун намуна истифода шуда метавонад.

         Аз ин рӯ моҳияти Ваҳдат дар радифи вожаҳои  ваҳдат-модар ва сулҳ барои мардуми мо ниҳоят муқаддас мебошад.

Ваҳдат  ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ ва якпорчагӣ буда, бидуни Ваҳдат натанҳо соҳибистиқлолӣ, балки арзишҳои худ хоси давлат низ муттасил аз байн меравад.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

 Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

 Дар миёни қавмхо пайвастагӣ моро аз он,

 Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Суханони ҳакимонаи  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эомомалӣ Раҳмонро «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он рассад» сармашқи кор дар фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳар фарди бонангу номуси кишвар қарор диҳем .

         Мо-ҷавонони хуштолеъи ватан, чун ҳамеша дар татбиқи барномаҳои гунонгунҷабҳаи сиёсати давлатӣ дар амалӣ сохтани дастуру паёмҳои Пешвои Ваҳдатсарои худ, баҳри тайёр намудани заминаҳои устувори давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фаъолона саҳм гузошта, дар сафи пеш ва паҳлӯ ба паҳлӯи созандагони тақдири ояндаи Ватан қадам хоҳем монд. 

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Муртазо Самиев

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg