БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСГУЗОР ВА АМАЛИКУНАНДАИ ҒОЯИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

АНДЕША: Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеъа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи Ваҳдати миллӣ ва Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоқикон ва ҳамзабонони бурунарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро басангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама форсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини форсии тоҷикӣ табдил додаанд.

  Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон тавқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаашро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб авардааст, ғояи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

    Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳато ҳазорсолаҳо якбор тавлид ва амали мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд.

     Воқеан, Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд.

   Ҳамин ғояи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои тӯфон амалҳои фардҳо ва гӯруҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Товикистон зиён меораннд, ба нестӣ бурда истодааст. Дар лаҳзаҳои барои Ватан ҳассос ва тақдирсоз дар назди ягон ақидае ё фарде ва ё ташкилоте, чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар хориҷи он сарнафароварда, бо нияти неки худ содиқ монда, Роҳбару пешвои воқеъии халқи тоҷик ва Пешвои асри 21 буданашро исбот намуданд.  

муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  Асадуллозода Ватаншо

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg