
КӮШОНИЁН: Ҷиҳати дар амал татбиқ гардонидани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем» аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар таъмир ва рангу бори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Кӯшониён саҳми арзандаи худро гузошт.
Бояд ёдоваршуд, ки шароити хуби таҳсил ва таъмиру бозсозии мактабу боғчаҳо ин замина барои ояндаи неки фарзандони ҳар яки мост.