
ДӮСТӢ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк" бо иштироки масъулини Кумита маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшида, аз фаъолияти шашмоҳаи дар соли 2021 ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк" натиҷагири намуданд.
Қайд карда шуд, ки муоширати байни кормандони бонк бо шаҳрвандон, инчунин барои таъмини амнияти озуқаворӣ дастрасии низоми кредити бо фоизи дастраст ба хоҷагидорон баҳри самаранок истифода бурдани заминҳо хуб ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон ҷиҳати афзалиятнокии ҳизб ва бобати дурусти ҳуҷатгузорӣ дар ташкилот, хизматрасонии беҳтар расонидан ба мардум, ҷиҳати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷалб сохтан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ суханрони намуданд.
Дар охири маҷлис бо тарафдории аъзоён Саидов Мақсад, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Амонатбонк " интихоб гардид.